ФАЪОЛИЯТИ АУТСОРСИНГӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ОПТИМИЗАТСИЯИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРИИ КОРХОНАҲО ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ.

Модели муосири фаъолияти иқтисодӣ ва гузариш ба зинаи пешрафтаи эволютсионии рушд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои муҳимро дар самти татбиқи воситаҳои нави стратегии идоракунии фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои ватанӣ талаб мекунад.

Набудани дониш дар баъзе соҳаҳо аз ҷониби менеҷменти корхонаҳо онҳоро водор мекунад, ки кормандони зиёдеро нигоҳ доранд. Аутсорсинг имкон медиҳад, ки функсияҳои дастгирии касбӣ дар доираи созишномаи дарозмуддат ба ширкати дигар супорида шаванд. Истифодаи аутсорсинг дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ барои корхонаҳои хурду миёна оқилона эътироф шудааст.

Ширкати «НЕКСОЗ бизнес консалтинг групп» яке аз пешвоёни бозор дар соҳаи хизматрасонии аутсорсинг мебошад. Ширкат соли 2016 аз ҷониби Салимов Зоир таъсис ёфта, дорои таҷрибаи бой дар низоми бонкӣ, андоз ва аудит мебошад.

Агар шумо соҳиби тиҷорат бошед ва ният доред, ки раванди фаъолияти хоҷагидории худро оптимизатсия кунед, ширкати «НЕКСОЗ» омода аст, ки уҳдадориҳои худро дар сатҳи касбӣ иҷро намояд.