Шартҳои истифодаи сомона
Хуш омадед ба сомонаи расмии ҶДММ «НЕКСОЗ-БИЗНЕС КОНСАЛТИНГ ГРУП». Бо гирифтани дастрасӣ ба ин манбаъ, Шумо розигии худро бо қоидаҳо ва шартҳои зер тасдиқ мекунед.
1. Муқаррароти умумӣ
- 1.1. Созишномаи мазкур шартҳои истифодаи маводҳо ва хизматрасониҳои сомонаи neksoz.tj (минбаъд — «Сомона»)-ро муайян мекунад.
- 1.2. Мундариҷаи Сомона барои огоҳ намудани мизоҷони эҳтимолӣ ва амалкунанда оид ба хизматрасониҳои ширкат дар соҳаи аудит, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳуқуқ ва консалтинги тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.
- 1.3. Маълумоте, ки дар Сомона ҷойгир шудааст, офертаи оммавӣ (пешниҳоди оммавӣ) набуда, хусусияти шиносоӣ дорад.
2. Моликияти зеҳнӣ
- 2.1. Тамоми маводҳои матнӣ, тасвирҳои графикӣ, логотипҳо ва сохтори Сомона моликияти зеҳнии ҶДММ «НЕКСОЗ» мебошанд.
- 2.2. Нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ё истифодаи мундариҷа бо мақсадҳои тиҷоратӣ бидуни иҷозати хаттии ҳуқуқдор қатъиян манъ аст.
- 2.3. Иқтибос овардан аз маводҳои Сомона танҳо бо шарти нишон додани истиноди фаъол ба сарчашмаи асосӣ иҷозат дода мешавад.
3. Маҳдудкунии масъулият
- 3.1. ҶДММ «НЕКСОЗ» барои таъмини саҳеҳият ва мубрам будани маълумот тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад. Аммо мо барои ҳама гуна зараре, ки дар натиҷаи истифодаи маълумоти Сомона бидуни машварати мустақим бо мутахассисони мо ба миён омадааст, масъулият ба дӯш намегирем.
- 3.2. Машваратҳои касбӣ ва роҳбурдҳо дар соҳаи молия ва ҳуқуқ таҳлили муфассали санадҳои корхонаи мушаххасро талаб мекунанд. Маълумоти дар Сомона буда, машварати комили касбиро иваз карда наметавонад.
- 3.3. Ширкат барои мундариҷа ва дастрасии захираҳои (сомонаҳои) тарафи сеюм, ки истинод ба онҳо метавонад дар Сомона ҷойгир шуда бошад, масъулият ба дӯш намегирад.
4. Уҳдадориҳои корбар
- 4.1. Корбар уҳдадор мешавад, ки ҳангоми пур кардани формаҳои тамос маълумоти дақиқи тамосро пешниҳод намояд.
- 4.2. Истифодаи Сомона барои паҳн кардани спам, нармафзори зараровар ё анҷом додани амалҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, манъ аст.
- 4.3. Кӯшиши гирифтани дастрасии беиҷозат ба қисми маъмурии (административии) Сомона манъ аст.
5. Махфият
- 5.1. Тартиби коркард ва ҳифзи маълумоти шахсие, ки тавассути Сомона гирифта шудаанд, бо Сиёсати махфияти мо танзим карда мешавад.
- 5.2. Бо ирсоли дархост барои машварат, Шумо ба коркарди маълумоти худ барои тамос ва омодасозии пешниҳодҳои тиҷоратӣ розӣ мешавед.
6. Шартҳои дигар
- 6.1. ҶДММ «НЕКСОЗ» ҳуқуқ дорад мундариҷаи Сомона ва шартҳои Созишномаи мазкурро ба тавраи якҷониба ва бидуни огоҳии пешакӣ тағйир диҳад.
- 6.2. Тамоми баҳсҳое, ки вобаста ба истифодаи Сомона ба миён меоянд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
- 6.3. Идомаи истифодаи Сомона пас аз ворид намудани тағйирот ба Шартҳо маънои розигии автоматии Шуморо бо нусхаи нав дорад.
Тамосҳо барои иртибот
Агар Шумо оид ба Шартҳои мазкур савол дошта бошед, лутфан бо мо дар тамос шавед:
- Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 55, ошёнаи 3
- Телефон: (+992) 985 64-10-10
- E-mail: info@neksoz.tj